ВОКУНИШ.Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити арзандаро муҳайё кардааст, аммо хоинони миллат намехоҳанд тинҷию оромии давлату миллати тоҷикро бубинанд.
Мисли Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш Шарофиддин Гадоев, ки ба мисоли саг аз дур ба сӯи мо аккос мезанад, гӯё мо аз ҷоғ заданҳои онҳо гумроҳ шуда, фирефтаи дурӯғҳои онҳо мешавем. Мо худ шоҳид ҳастем, ки солҳои 1992 - 1997 ин сагон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари мардуми он чи гуна мусибате оварда буданд, ки ин хоинони бадхоҳ мехоҳанд ҳамон мусибатро бори дигар ба сари мардум биёранд, онҳо хаёл карданд, ки мардуми тоҷик боз ба гуфтаҳои онҳо бовар мекунанд. Аммо мардуми тоҷик фаҳмиданд ин хоинон аз дини ислом сухан карда, амалҳои нопоку ноҷавонмардонаи худро амалӣ мекунанд, халқи тоҷик чи балоеро аз сар гузаронид, боз ин бенангҳову беномусон аз кирдорҳои кардаи худ шарм надошта, худро бегуноҳ ҳисобида, амалҳои кардаи худашонро аз ёд бароварданд . Боз худро ғамхори миллати тоҷик меҳисобанд , хаёлҳои хоми худро ба хамон сагони гирду атрофат бигӯ, ки онҳо ба мисли худат хоин ҳастанд.
Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон шукр мекунем, ки шумо хоинони миллат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берунед ва дигар ҷавононро гумроҳ карда наметавонед.
Толибов Ғайбулло, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик