БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни соҳаи маориф дар тарбияи ҷомеа саҳм мегузоранд

ДӮСТӢ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ  тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар ташкилоти ҳизбӣ дирӯз бо кормандони  ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Маорифчиён» вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муосир, таъсис ҷойҳои корӣ дар хона ва омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ва дигар паҳлуҳои хоҷагии халқ  суханронӣ намуда, зикр карданд, ки маориф соҳаи махсус дар бахши таълим  ва тарбия мебошад, ки мақсади асосии он ба воя расонидани ҷомеаи  солим аст.

Дар баробари суҳбату мулоҳизарониҳо  масъулин дар назди бинои ташкилоти ибтидоӣ шиору овезаҳои ҳизбиро насб намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg