БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА ПЕШРАВИҲОИ МО ҶАВОНОН АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛИ АСТ!

АНДЕША. Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва вокеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва кадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад  ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву карзи фарзандӣ дониста ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.

       Инак,  22 сол мешавад, ки Ваҳдати миллии Тоҷикистон побарҷост ва самараҳои неки худро ба бор меорад. Ҳар кадар солҳо гузаранд ҳам, кадру манзалати ин рӯзи саид бештар мегардад. Дар ҳама давру замонҳо сулҳу ваҳдат ва ҳамдиливу ягонагии аҳли ҷомеа асоси устувории давлат мебошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ барои тоҷику тоҷикистониён аз ҷумлаи санаҳои муҳиму таърихӣ ва мукадасу бузург эътироф гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Сарнавишти имрӯзу фардои Ватан маҳз аз файзу баракати ваҳдат аст, ки бо эҳсоси гарму самимияти ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли мусбии худро дарёфтааст.  Ин боис гардид, ки Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон чун давлати соҳибистиқлол, пешрафтаву ташаббускор ва бо фарҳанги бою ғанӣ эътироф гардад”.

Озодӣ,  Истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст ва худогоҳ онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят ва азизу пос доштан аст.

        Тамоми тоҷикистониён, аз ҷумла ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамаи аъзо ва  ҷонибдорони  ҲХДТ-ро бо ифтихори 22-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ табик гуфта, барояшон хушбахтиву комёбиҳои беназиро тамано менамоям.

 

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва

матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg