БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРИ МИЛЛАТ АСОСГУЗОР ВА ИЛҲОМБАХШИ ҒОЯИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МЕБОШАНД!

АНДЕША. Пас аз иди Истиқлолияти давлати барои миллати тоҷик рӯзи ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа – Иди Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин иди миллӣ ҳисобида мешавад.

Ин ҷашн бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони боору номуси Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, агарчи бо сулҳу салоҳ ва ваҳдат омадани тоҷиконро роҳбари давлатамон аз хиради аслӣ ва азалии худи миллат ва аҷдодони бохираду бофарҳанги он арзёбӣ кардаанд. Ин хоксориву хирадмандии Пешвои миллат аз меҳру муҳаббати беандозаашон ба Ватан сарчашма мегирад. Ҳамин меҳру муҳаббат буданд, ки ҷомеаи парешонгаштаву ноумедгардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувору бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд.

        Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳасту ваҳдату сулҳ падидор аст.Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле шинонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз  роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”. Он дарахте, ки Президентамон  ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо фахр месозем.

Воқеан, Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумуи даврон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ  истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Хулоса, аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.

 

Каримова Фарзона,  мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg