![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/01_112.jpg?itok=K_NByEXb)
КӮЛОБ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Карбостанаки ҷамоати деҳоти Даҳана оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолити ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.
Зимни чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, мавсуф қайд кард, ки халқи тоҷикро маҳз аз рӯи ҳунарҳои мардумиаш дар байни дигар халқу миллатҳо ҳамчун халқи дорои тамаддуни баланди ҳунарҳои мардумӣ шинохта ва эътироф менамоянд. Аз ин рӯ, ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳон ба таъриху фарҳанги мо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Инчунин, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир шуда, ҳозирин ба суолҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.