БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ МЕБОШАД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Ҷайрал”-ӣ баргузор гардид.

Нахуст,  суханро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда, доир ба   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои ноилшудаи даврони соҳибистиқлолии давлату миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ кард.

Ҳамчунин, дар рафти суҳбат саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ,  баргардонидани 84  нафар ноболиғон аз давлати ҷангзадаи  Ироқ,   Ҳамоиши 5-уми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки баъд аз ҳар 4 сол як маротиба гузаронида мешавад,  ибрози андеша карда шуд.

Дар охир вобаста ба татбиқи  қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон тасмим гирифтанд,   ба як нафар  ҳамдеҳаи худ, ки шароиту  имконоти ҷамъоварӣ намудани ғаллаи  коридаашро  надошт,  кӯмаки амалӣ  расонанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg