ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Маҷлиси ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Оли Сомон»-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳия бо иштироки Файзизода Каримҷон-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, Ғафуров Сайдамир- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҳизб баргузор гардид.
Дар кори он раиси ташкилоти ибтидоии «Оли Сомон» - Одинаев Рустам оид ба фаъолияти ҳизбиёни маҳал дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ҳисобот дод.
Аз ҷумла қайд намуд, ки ҳизбиён дар амалишавии дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб, аз он ҷумла, Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» саҳми калон гузоштанд.
Бо қувваи саховатмандон ва фаъолони маҳал, 3 купрӯки дохили маҳалла таъмир гардида, 2,5км роҳҳо сангфарш, 450метр ҷӯйборҳо тоза карда шуданд.
Дар маҷмӯъ кори ташкилоти ибтидоии дар ин муддат қаноатбахш ҳисобида шуд. Дар охир қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба якчанд нафар ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.