БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Зери ҳамин унвон дар Литсейи касбӣ- саноатӣ кимиёии шаҳри Левакант  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар доир гардид, ки занони фаъоли соҳаҳои мухталифи шаҳр даъват шуда буданд.

Нуринисо Ибодуллоева намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва дигар шахсони даъватӣ  дар бораи бузургтарин дастоварди давраи Истиқлолият-Ваҳдати миллӣ, ки мазмуну моҳияти асосии сиёсати давлатдории ватанамонро ташкил менамояд, сухан ронд.

Миллате, ки як маротиба мазаи талхи ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро чашидааст, бояд дар дифоъ аз дастовардҳои сулҳу ваҳдат ва суботу ягонагӣ пайваста талош дошта бошад. Зеро имрӯз ҳам хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи кишвари мо ва минтақа кам нестанд. Қувва гирифтани талошҳои геополитикии абарқудратҳо, тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ дар ҷаҳони имрӯза тақозо менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар аз суботу амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷасурона дифоъ намояд, - қайд гардид дар рафти чорабинӣ.

Инҷунин, дигар баромадкунандагон низ   андешаҳои худро оид ба мавзӯъҳои матраҳгардида изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg