БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ -АЗ АМАЛҲОИ ЗИШТУ НАНГИН МЕБОШАД

КӮЛОБ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи фаъолияти худ ҲХДТ мубориза бо терроризму экстремизм ва гурӯҳҳои ифротиро аз самтҳои афзалиятнок мешуморад.

Дар ин миён дар ташкилоти ибтидоии “Соҳибкорбонк” мулоқот баргузор карда шуд.

Мулоқот бо иштирок ва суханронии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин оғоз гардид.

Нахуст, мавсуф қайд кард, ки имрӯз терроризм ва экстремизм хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст ва ваҳшонияту даҳшатро бар болои инсонҳои дунё оварда истодааст. Ҳамарӯза амалиётҳои гуногуни онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва садҳо таркишҳову ҳазорон ҳазор курбонии ин таркишҳо далели гуфтаҳои боло мебошад. Ба ҳамин монанд гурӯҳҳои иғвоангез ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи – 24, “Озодандешон” ва ғайраҳо пайдо шудаву мо миллати тоҷикро, ки борҳо ба мардуми дунё тамаддун нишон додаем ва сагони ин гурӯҳҳо нону намаки ин Ватанро хурдаву сангҳои хиёнатро сӯи миллати хеш партофтаву ҳоло мехоҳанд моро ба раҳгумзадагиву хиёнаткорӣ кашад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст ҳамеша ҳушёру зирак буда, доимо баҳри ободии Ватан ва беҳбудии халқ заҳмату талош намоем.

Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки мақсади ин гурӯҳҳои ифротӣ халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм дар одамон, ҷангу куштор, ба воҳима ва таҳлуқа овардани аҳолӣ дигар чизе нест. Албатта, бештар гузаронидани чунин суҳбату мулоқот саривақтӣ буда, имконият фароҳам меорад, ки шаҳрвандон дар замони ҷаҳонишавӣ мақсаду мароми гурӯҳҳои тафриқангезро пурра дарк карда, аз рафтору амалӣ онҳо огоҳ бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg