БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ–БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Чашма»-и ҷамоати деҳоти Фахробод  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат мавсуф атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мубориза бар зидди коррупсия, сари вақт пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!”  суханронӣ карда,иброз дошт, ки  ҳама тадбирҳое, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешавад  барои беҳбудии сатҳи зиндагии   сокинон  равона  карда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро месазад, ҷиҳати   риояи талаботи  қонунҳои миллӣ ва сиёсати  хирадмандонаи    Роҳбари давлат  бетараф набошем.         

 Баъдан бо дастгирии сокинон  дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бахшида ба истиқболи  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  роҳҳои дохилии деҳа сангфарш карда шуданд.          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg