БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СОЛИМИИ ОММА ШАРТИ МУҲИМТАРИНИ ПЕШРАФТИ МАМЛАКАТ МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳукумати  мамлакат  ба  ҳалли  масъалаҳои  вобаста  ба  тандурустии  аҳолӣ  эътибори  аввалиндараҷа   медиҳад. Сатҳу  сифати   хизматрасонии  тиббӣ  ба  аҳолӣ бошад   беҳтар шуда  истодааст. Бахшида  ба  ҳалли  ислоҳи   баъзе масъалаҳои  дар  хизматрасониҳои  тиббӣ ҷойдошта  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дар  ташкилоти  ибтидоии  “Муассисаи   назорати  давлатии  санитарию  эпмдимеологӣ”  хониши  сиёсӣ  баргузор  намуд.

Масъулини  ҳизбӣ доир  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб,  талошҳои  Ҳукумати  мамлакат ба  хотири  боз  ҳам  обод  кардани  Тоҷикистон ва  ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоии  аҳолӣ  бо  роҳи  беҳтар  намудани  инфрасохтор, пеш  аз  ҳама  дар  соҳаи  маорифу  тандурустӣ,  таъсиси  ҷойҳои  корӣ, таъмин кардани  сокинони  деҳот  бо  оби  тозаи  ошомиданӣ, бунёду  таҷдиди  роҳу  пулҳои  маҳаллӣ, инкишофи  ҳунарҳои мардумӣ, ба  талаботи  муоссир мутобиқ  сохтани  сатҳи  хизматрасонӣ  ва  баланд  бардоштани  некӯаҳволии  мардум дар  ҳар  як  деҳа  ва  маҳаллаи  аҳолинишин  адешаронӣ карданд.

Баъдан ба  саволу  дархостҳои  иштирокчиён  чавобҳои  мушаххас гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg