БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сулҳу субот заминаи асоси рушди давлат аст

А.ҶОМӢ. Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Шӯрои ҷанговарони  «Башардӯстон»-и ноҳия Сафарбек Наҷмиддинов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  дар маҳаллаҳои Зафаробод ва  Шарифободи ҷамоати деҳоти ба номи Қ.Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид  ба самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, алалхусус дар мавзӯи  сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротгаро, оқибатҳои терроризму экстремизм ва пешгирии он бо сокинон вохӯрӣ  доир намуданд.

Дар вохӯрӣ  ҳамчунин  роҳбарону фаъолони  ҲХДТ, ҳунармандони қишрҳои гуногуни  деҳаву маҳаллаҳо ҷавонон  ширкат  варзиданд.

Зимни баромад Муҳаммаддовуд Ҳалимов муҳтавои  Паёми Пешвои миллатро ба иштирокдорон баён намуда, зикр кард, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон  намуданд. 20180226_104726.jpg

Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеа, махсусан ҷавононро лозим аст, ки ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ  ҷаҳду талош варзанд. Зеро маҳҳаллаҳои Зафаробод ва  Шарифободи ҷамоати деҳоти ба номи Қ. Ғиёсови ноҳия  дар мавзеи хушбоду ҳаво ҷойгир буда, табиати зебову нотакрор дорад ва мардуми ин маҳаллаҳо дар ноҳия, аз қадимулайём бо ҳунарҳои табақтарошӣ, сандуқсозӣ ва гулдӯзию  сӯзанидӯзӣ машҳуранд, ки ҳунари дасти онҳо  ҳар як бинандаро ба  худ  ҷалб  менамояд.

Сипас, дар идомаи сухан Муҳаммаддовуд Ҳалимов иброз дошт, ки ҳифзи амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сулҳу субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб рафта, аз ҳар як фарди солимфикри ҷомеа тақозо карда менамояд, ки дар ин ҷода саҳмгузор  бошад.

Ҳамчунин, Сафарбек Наҷмиддинов, Абдуманон Абдуразақов, имомхатибони маҳаллаҳо Маҳмадазим Оев, раиси кумитаи маҳаллаи мазкур Сафарбек Ҷумъаев ва дигарон ба сухан баромада, аз сиёсати пешгирифтаи  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  омодагии сокинони маҳалларо изҳор доштанд.

Дар охир зиёда аз 10 нафар  бошандагони маҳаллаҳои мазкур, ки барои ба сафи  ҲХДТ шомил шудан ариза пешниҳод карда буданд, дар ҳузури ҳозирин бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуда, бо тарафдории  аксар аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, дар маҳаллаҳои  мазкур  ташкилоти  ибтидоии «Зафаробод» ва  «Шарифобод» созмон дода шуда бо як овоз аз ҳисоби  ҷавонони кордону бомасъулияти  маҳаллаҳо дар ташкилоти ибтидоии «Зафаробод» Олимбеков Муҳаммадҷон  ва   Давлатбек Қокаков  дар ташкилоти ибтидоии «Шарифобод»   раис интихоб  гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg