А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳргон»-и деҳаи Меҳргон ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулин дар суҳбат атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати расидан ба қадри заҳмату талошҳои Роҳбари давлат даъват ба амал оварданд.
Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва беҳтар кардани холати мелиоративии заминҳои корам, заҳбуру заҳкашҳои атрофи деҳа тоза карда шуданд.