КӮШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Садриддин Айнӣ”-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён Аксияи амалии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.
Аксияи амалии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” – ро сокинони ватандӯсти деҳаи мазкур дастгирӣ намуда 30 метр роҳи пиёдагардро таъмир карданд.