БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФАИ АРЗАНДА ДАР РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА СОКИНОН

ҚУБОДИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо  мақсади роҳандозии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ баҳри ободонии маҳал, тозаву озода намудани кӯчаву гузаргоҳҳо, ҷӯйбору заҳбурҳо ва сохтмони иншоотҳои маишиюхизматрасонӣ  дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  суҳбату вохӯриҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мунтазам ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Дар паёмади чунин вохӯриҳо бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ”-и деҳаи Ғишткупруки ҷамоати шаҳраки Қубодиён ва узви фаъоли ҲХДТ,  соҳибкори муваффақ  Назаров Билол иқдоми неку ватандӯстонаро пеша карда, аз ҳисоби қитъаи замини наздиҳавлигии худ дар масофаи  0,04 га замин мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум сохта, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ба истифода дода мешавад, ки дар  таъмини рӯзгори ҳаррӯзаи ҳамдеҳагон  мусоидат хоҳад кард.

Сокинон аз ташаббусҳои ояндадори ҲХДТ  қаноатманд буда,  ин иқдомҳои некро  давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Баъдан   аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба ҳадафҳои  созандаи он  баромадҳо карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg