БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК БАЪДИ ЗИЁДА АЗ ҲАЗОР СОЛ АЗ НАВ СОҲИБИ ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ ГАРДИД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, илмомӯзӣ ва огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои терроризму экстримизм масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони  деҳаи Оличабулоқи Ҷамоати деҳоти Қарақамиш вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар ин ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Раҷабзода  Маҳмадсаид  баромад намуда, изҳор дошт, ки миллати тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаро  касб намуд. Барои миллати тоҷик ин бахти нодир ва ормоне, ки зиёда аз ҳазор сол ин рӯзро интизор буд, амалӣ гардид. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бо шумо шаҳрвандони азиз бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар меъмори давлати воқеъии дунявӣ ва пешрафта саҳм гузорем ва танҳо бо номи ин миллат, ин давлат ифтихор кунем. 

Баъдан  вобаста ба татбиқи  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳи деҳаи мазкур, ки  бар асари боронҳои сел вайрон гашта буд,  аз нав таъмиру тармим карда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg