КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Кӯлоб мулоқот баргузор гардид.
Маҷлис бо иштирок ва суханронии мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оғоз гардид.
Нахуст, Мунаввраи Бозоралӣ баромад намуда, қайд кард, ки муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Дар идома мавсуф гуфт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самараноки мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди кишвар ба роҳ монда шавад. Танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем бар зидди ин амалӣ номатлуб муқовимат нишон дода, барои паст кардани шиддати он саҳмгузор бошем.