ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти таблиғотӣ ва роҳандозии корҳои хайру саховат дар ташкилоти ибтидоии «Fаюр»- и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо иштироки фаъолони маҳала, занону бонувон ва ҷавонон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Абдуллоева Саёҳат намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба низоъҳои навбатӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 -и Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии ВАҶТ воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз маҳбасҳои давлати Ироқ, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳамкории падару модар бо мактаб андешаронӣ карда шуд.
Дар охир байни масъулини ҳизбӣ ва сокинон суолу посухҳо роҳандозӣ гардида, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ якдилона дастгирӣ ёфт.