БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оғози корҳои кабудизоркуниву хуррамгардонӣ мужда аз фарорасии баҳори хуҷастапай

ДАНҒАРА. Дигаргуншавии  гирду  атроф   ба   кас  ҳаловат   мебахшад.   Ба   ҳамин   маъно  мақолест, ки  “дасти   инсон   гул  аст”.   Ба   мақсади   ободу   зебо  гардонидани   гирду   атрофи   кӯчаю,   маҳаллаҳо   дар  ташкилотҳои   ибтидоии  ҳизбии ноҳияи Данғара корҳои   дарахтшинонӣ бо маром идома дошта, ҳамарӯза фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми кишвар ва дӯст доштани Ватан бо дасту дили гарм рӯ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ оварда, саҳми арзандаи хешро  гузошта истодаанд.

Корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар   ташкилоти   ибтидоии   “Корез”   фарқкунанда   буда, дар он аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар  ду   тарафи   роҳ  дарахтони арча шинониданд. Чунин иқдомҳои неки ҳизбиёни ноҳияи Данғара дар ҳудуди ноҳия идома дошта, онҳо ният доранд, дар оянда  симои ноҳияро ба гулистон табдил диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg