БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛУ ВАҲДАТ ШУКРИ СУЛҲ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ташаббусҳои пайваста ва созандаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар  ташкилоти ибтидоии "деҳаи Армуғон"-и ҷамоати деҳоти Лолазор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок намуда, дар бораи моҳияти Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун пойдевори бақои давлат, таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, пешрафту тараққиёт ва созандагиву ободкории рӯзафзун дар сартосари мамлакат бахшида ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, устувории оилаҳои ҷавон, касбу ҳунаромӯзӣ ва муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои сайёҳии сатҳи маҳал дар доираи солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg