БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША. Аз гузашта то ба имрӯз  зани тоҷик на ба шумули афроди тақлидкор ва бегонапараст, балки муҳофиз аз фарҳангу тамаддун ва номуси худ ҳамчун Гурдофарид достони бебаҳс гаштааст.

Имрӯз низ мо бояд пеш аз ҳама симои миллати худро бо либоси хосу сирф тоҷикона ва бо чеҳраи дурахшон чун офтоби тоҷикона тасвир намоем.

Албатта дили бузурги бонувони ноҳияи Муъминобод намегузорад ва нагузоштааст, ки бегонагон фарҳанги миллии худро дар шакли либоспӯши ҷорӣ намоянд.

Пешвои миллат дар ҳар як баромад ва вохӯрии хеш масъалаи мавқеи хосса пайдо намудани зан-модари тоҷикро таъкид менамояд ва ин табақаи тарбияи дурусти фарзандорон маҳз ба онҳо рабт дорад.

Арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну  таърихи худ беиззатӣ ва беҳурматӣ нисбати фарҳангу миллат аст. Мо бояд ба пасояндагон инро ба нишон гузорем, тавре гузаштагони мо ин намуди либосро ба насли имрӯза оварда расонидаанд .

Набояд фаромуш кард , ки қарор гирифтан зери таъсири фарҳанги бегона оқибатҳои нохӯш меорад.

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар ҳама ҳолат вориси арзандаи ин миллату сарзамин, тарғибгари анъанаҳои неки ниёгон, пуштибони сиёсати давлату ҳукумат ва Роҳбари он бошем.

Мо бояд насли калону ҷавонӣ ҷомеа аз ин гуна тақлидкориҳо паҳрезкор бошем ва бо бар намудани чунин либосҳо, ки аксар ҷавондухтарону занон ба он фирефта шудаанду худро гурӯҳи пешрафтаю муосири ҷомеа меҳисобанд, ки ин ғалати беш аст.

Бархе духтарон бо пушидани либоси бегона ҳамчун навгонӣ дар ҷомеа ифтихор менамоянд, аммо  ин табақа  аз ҳуввияти миллӣ ва асолати худ фаромуш карданд. Дар баъзе мавридҳо таъсири падарону бародарон ва шавҳарҳо низ бештар аст ва ин қишри ҷомеа  ба умқи асолати миллии худ нарафта, аз либоси модарони худ фаромуш карда, боиффатиро дар сатру ҳиҷоб ва тақлиди либоси бегона мебинанд.

Мусалмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамои, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони пок ва оғози амале, ки аз муҳаббат ва садоқат маншаъ мегардад, иборат аст ба ибораи халқ забону дил бояд як бошад.

Дар кишваре, ки ғоя ва арзиши асли миллӣ на танҳо тарғиб, балки дар фарорӯи бархурдорҳои  манфиатҳои башарӣ дар сатҳи баланд дифоъ мегарданд, мардум дар ниҳояти  соҳибмаърифатӣ маданияту фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои хешро гиромӣ медоранд, ҳеҷ гоҳ ба тақлиду тақлидкорӣ ё ташаккули андешаҳои ифротӣ роҳ нахоҳанд дод.

Ободии кишвар ва осудагии ҷомеа  аз сулҳу дӯстӣ , ёриву бародарист, на аз хурофотпарастиву таассуб. Ин падидаҳои номатлуб миллату давлатро на ба инкишофи устувор, балки ба таназзули инҳисор мувоҷеҳ мегардонад.

Фурсате расидааст, ки шуруъ аз хона , кӯдакистонҳо, муассисаҳои олию миёна ба пушидани либосҳои фарзандон таваҷҷуҳ намоем ва нагузорем, ки  фарзандони мо либоси бегонаро ба бар намоянду тарғибгари ин либос шаванд.

Дар шароите, ки Тоҷикистон нуфузи худро дар ҷаҳон нигоҳ медорад  ба бонувону модарони азиз  муроҷиат менамоем, ки тарғибгари аслии  фарҳанги миллӣ бошанду ифтихор аз либоси миллии хеш намоянд, чунки либос зиннати инсон ва қисме аз таммадуни гузаштагони мо  мансуб ёфта, мо насли имрӯз вазифадорем, ки ба ояндагон ин арзиши волоро боқи гузорем.

    

Ҳасанзода Шаҳло,  узви фаъоли  гурӯҳи таблиғотии назди                                            КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg