БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОЯИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР ИН САРЗАМИНИ ҲАМЕШАБАҲОР МУСТАҲКАМ БОД!

АНДЕША. Дар арафаи 22-юмин солгарди иди Ваҳдати миллӣ қарор дореми ва дар бораи талошу кӯшиш ва саъю ғайрати абармарди миллат, ки барои фароҳам овардани сулҳи тоҷикон фидокорӣ кардааст, мехоҳам ёдрас шавам.

Баъди пароканда гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоншинӣ рӯй дод, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зарари калон расонид. Бархе аз мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ тарки Ватан намуда, дар фазои нооромӣ онвақта даҳҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳалок гардида, қисми зиёди сокинони кишвар бехонаву бедар монда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим ва қариб як миллион нафари дигар дар кишварҳои бегона гуреза шуданд.

Ин ҳама дасисабозиҳо маҳсули дасти хоҷагони беруна буд, ки тавонистанд мардуми тоҷикро душман ва қотили якдигар созанд ва мақсадашон миллати куҳанбунёдро пора-пора карда, беватан кардан мехостанд.

Шукри худованд, ки баъдан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезаҳо комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда, ба Афғонистон сафар намуданд. Роҳбари давлат бо чӣ қадар ҷонбозиҳо ҳамватанони иҷбориро ба Ватан баргардонид. Барои баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, ҳамватанонамонро бовар мекунонд, ки Ватан обод гардида истодааст ва кафолати ҷони ҳар кадоми онҳоро ҳукумати қонуни медиҳад. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасаввур намекард.

Лозим ба ёдоварист, ки саҳми Созмони Миллали Муттаҳид ва давлатҳои бо мо ҳамсоя  барои ба даст овардани ваҳдати мо тоҷикон хеле  назаррас аст.

Дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ҳамасола ҳамчун Рӯзи  Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилии мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мо, тоҷикон бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ бирасем, онро эҳтиром кунем, аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоем.

Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ намуда истодааст. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин гардида истодааст.

Имрӯз таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ бояд рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва Тоҷикистонӣ бошад.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате,  ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармо бошад, он ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ пешрафт мекунад.  

Қаҳрамонии фарзанди баору номуси Ватан, роҳбари хирадпеша ва инсонпарвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид, то ин ки наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.

 

Солеҳов Фирдавс, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg