БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

Пешвои муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон таъкид карда гуфта буданд: «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт»  

АНДЕША. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лафзи зебо садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Равшантар гӯем сулҳ- оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдӯст будан аст. Инсонҳои дурандеш, ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки гузаштаи худро фаромӯш нанамоянд. Бубинед,  воқеаҳои дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 199227 июни соли 1997) зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзона мардуми кишваро аз қаҳтӣ наҷот дода, гурезаҳо ва муҳоҷиронро сарҷамъ намуд. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт. Албата, мо набояд таърихи худро фаромӯш созем. Имрӯз,  ки дар остонаи таҷлили 22 - солагии таъсисёбии рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, бояд бо дарки масъулияти таърихӣ фаъолият намуда, тамоми нерую тавони худро баҳри ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, баҳри ободонию созандагӣ Тоҷикистони азиз равона созем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фаъолиятамон мисли оина покизаву парчамбардори гузаштаҳои худ дар ин самт бошем.

Раҳмонов Далер, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg