АНДЕША. Аз он рӯзе, ки ба Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ имзо гузошта шуд, имсол 22 сол сипарӣ мегардад. Ин рӯзи фархунда барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу мӯътабар аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон созишномаи мазкур имзо шуд. Ва ин имкон дод, ки дар кишвар сулҳу субот ва тинҷию оромӣ бебозгашт барқарор гардад.
Ваҳдат сарчашмаи ҳама бурдбориҳову пешравиҳо ва оромии ҷомеа буда, ҳама халқу миллатҳоро бо дӯстиву бародарӣ бурда мерасонад. Дар кадом музофоте, ки ваҳдат барқарор бошад, дар он ҷо доимо тинҷиву оромӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукумфаро аст. Агар ба тарзи дигар гӯем Ваҳдат кафили сулҳу салоҳу оромии ҷомеа мебошад.
Ба ҳама маълум ва равшвн аст, ки муноқишаҳои солҳои 1991-1993, ки дар кишвари мо рух дода буд, танҳо Ваҳдати миллӣ тавонист, ба ҳама задухурдҳо ва муноқишаҳо ва ҷудоиандозиҳо ғолиб омада, ҳама тарафҳоро ба як мусолиҳа оварда, созиши боэътимоди бардавомро ба имзо расонида, дар кишварамон зиндагии оромона шурӯъ шуд. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар кишварамон давлати соҳибистиқлоли демократии дунявӣ ҳуқуқбунёд таъсис дода шуда, ҳоло ба як давлати демократии пешрафтаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз ба ҷидду ҷаҳди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои Ваҳдати миллӣ буд, ки халқи мо бо ин рӯзҳои нек расид. Барои созмон додани Ваҳдати миллӣ хизматҳои Роҳбари давлат хело калон аст, ки тавонист бо мухолифин ба мусолиҳо омада, гуфтушунидҳои зиёдеро анҷом доданд. Созиши боэътимод ба як бору ду бор ба даст наомад, дувоздаҳ маротиба гуфтушунидҳо ба анҷом расиду баъд созиши боэътимоди бардам ба имзо расид. Барои ҳар як гуфтушуниди навбатиро барпо кардан ва дар кадом давлат гузаронидан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифи мухолифинро қабул мекард, чунки ниҳоят зарур медонист, ки гуфтушуниди навбатӣ ҳатман бояд барпо шавад. Оқибат гуфтушуниди тақдирсоз барпо шуда, бори дувоздаҳум Сарвари мамлакат ба мақсадашон расиданд. Аз рӯзҳои аввали имзо шудани Созишнома сар карда, рӯз аз рӯз боварии мардум ба зиндагии тинҷу ором ба ояндаи фардо зиёд мешуду дар байни омма як дилгармие ба оянда ҳувайдо мешуд. Хулоса мо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои дар сатҳи баланд истиқболу таҷлил намудани ин ҷашни муқаддас масъулияти баландро бояд эҳсос намоем.
Абдуллоев Мирвоҳид, Мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирӣ дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён