НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии «Дуконӣ »-и деҳаи Дӯконии шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Зимнан дар рафти чорабинӣ Муслима Ғуриева атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.
Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуда, сокинон ба тозаву озода намудани маҳали зист ва гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худ баромада, роҳи марказии деҳаро аз партовҳо тоза карданд.