ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо кормандони Маркази назорати давлатӣ -санитарӣ эпидемиологии шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар бораи пешгирии мубориза бар зидди коррупсия, бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда, иброз намуданд, ки ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатнокӣ тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим мешуморад.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Паёми имсолаи Сарвари давлатро метавон ҳамчун як раҳнамо истифода бурд, зеро масоиле, ки дар он махсусан қайд карда шудааст, саривақтӣ буда, ҳаллу фасли онҳо барои пойдории давлат ва зиндагии шоиста барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳиму созанда хоҳад буд.
Дар охир дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ баррасӣ карда шуда, ҷамъомадагон барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан ҳидоят гардиданд.