ЁВОН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо чунин мақсадҳои наҷиб дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ роҷеъ ба баланд бардоштани мақому манзалати зан- модари тоҷик дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавони -1» -и деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо иштироки занони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби Абдуллоева Саёҳат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба таҳсилу касбомӯзии духтарон, эҳтироми байни ҳамсоягию хешу таборӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии хушунати оилавӣ нисбати келинҳо ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда шуд.
Дар охир занони деҳаи Пахтакор сиёсати имрӯзаи давлату миллатро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки дастуру супоришҳоро дар амал ва зиндагониихеш татбиқ менамоянд.