БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОРИДОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Бехатарии озуқаворӣ” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  иштирок дошта, таъкид карданд, ки аъзои ҲХДТ будан барои ҳар яки мо ифтихор аст. Зеро роҳбарии онро  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дошта, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Узви Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки узви кадом ташкилотанд ва чӣ масъулиятро бар душ дорад. Бинобар ин, чунон бояд зиндагиву фаъолият кард, ки атрофиён онро эҳсос ва эътироф намоянд”.

Инчунин, дар идома масъулин  вобаста ба таъмини  бехатарии озуқаворӣ дар дӯкону мағозаҳо ва фурӯшгоҳҳо, ки ҳамарӯза сокинон аз  онҳо харидорӣ менамоянд, гуфта гузаштанд.  

Дар охир ба як қатор аъзои нави ташкилоти ибтидоии мазкур шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg