ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Коллеҷи тиббӣ» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Зимни андешаронӣ қайд гардид, ки дар Паёми имсола вобаста ба вазъи соҳаи тандурустӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, Пешвои миллат таваҷҷуҳи масъулинро ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифадор кардаанд.
Инчунин, мавсуф вобаста ба хатарҳои муосири сиёсатҳои ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон аз нооромиҳои сад давлати дунё, бархурди тамаддунҳо ва ҷанги сард ёдоварӣ карда, ҳамагонро ҳушдор дод, ки то ба фитнаву дассисаҳои гурӯҳҳои манфиатдор дода нашаванд.