ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон бо иштироки ҷавонони хатмкунанда ва падару модарони онҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб атрофи идома додани таҳсил, интихоби касбҳои мувофиқ, ба сафи Артиши миллӣ ҷалб намудани ҷавонони синну соли даъватӣ, эҳтироми либоси миллӣ, падару модарон ва устодон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон андешаронӣ карда шуд.
Инчунин, дар вохӯрӣ сархатиби масҷиди марказии ноҳия Б.Шоев ва муовини раиси Ҷамоати мазкур Солеҳов Маҳмадрасул роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.