БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ҶАҲДУ ТАЛОШИ СОЗАНДА ЗИНДАГИИ АРЗАНДАРО БА ДАСТ ОВАРДАН МУМКИН АСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деӽаи Дашти дилии ҷамоат деӽоти ба номи Худоёр  Раҷабови ноӽияи Восеъ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ва анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир карда шуд.

Манучеӽри Хуршед мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ноӽиявӣ   дар андешаронии худ иброз дошт, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тозаву озода намудани маҳал, ҷӯю заҳбурҳо вазифаи ҳар яки мо сокинон мебошад. Зеро тозагӣ гарави саломатӣ буда, ба симои маҳалли зистамон ҳусни зебогиро зам менамояд.

Инчунин, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баррасӣ карда шуда, ҳамагон ба корҳои ободонӣ даъват карда шуданд.

Баъдан  андешарониҳои судмандро иштирокдорон якдилона пазируфта,

кȳчаӽои деӽаро аз партову хасрӯбаҳо тозаву озода карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg