БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ МИЛЛӢ – ОМИЛИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

АНДЕША. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Сулҳ – маънои оромӣ, осоиштагӣ ва дўстӣ дошта, Ваҳдат – ин якдилӣ, ягонагӣ ва оштии миллӣ мебошад.   

Рӯзи 27 – уми июн барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, санаи  муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта аз соли 1997 инҷониб дар кишвари азизамон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз яке аз сутунҳои устувори таъмини Истиқлолияти миллӣ дар кишварамон Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафта, маҳз баъди расидан ба ин сулҳи деринтизор дар байни кишварҳои ҷаҳон номи тоҷику тоҷикистонӣ ғулғула афканда ҳатто ин сулҳи ба дастомада барои чандин давлатҳо омўзанда гардид.

Маҳз тавассути Ваҳдати миллӣ кишвари мо дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рў ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Танҳо бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба  дастовардҳои беназир расидаву давра ба давра ва қадам ба қадам ба ояндаи неку дурахшон расида истодаем. Худи ҳамин руҷӯъ, ки Пешвои миллат иброз намуданд «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…» нияти мардуми тоҷик буда, то ба охир шиори пиру ҷавон гардид ва моро аз хоҷагии нимвайрон ва кишвари ҷангзадаву пойбанди ҷудоихоҳиҳо ва буҳронӣ ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил дод. Дар ин давра ҳамзамон бо пешравиҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилмилалии Тоҷикистон хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлол аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвар мебошанд. Хушбахтона табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Сулҳи тоҷикон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Воқеан Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро авф кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ў пояи давлатдориро аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард.

 

Ин ҳама рӯзи накуву пурсафо аз Ваҳдат аст,

Ин ҳама айёми хубу ҷонфизо аз Ваҳдат аст.

 

Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрўзҳо вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, ба ҷаҳониён собит кард, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода карда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ Котиби Генералии Созмони Милалли Муттаҳид Кофи Анан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.

Имзои ин Созишнома дар Тоҷикистон ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон дод, ки минбаъд тамоми мардуми кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллати тоҷикон эътироф ва эҳтиром намуда, сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб ва қабул карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон пайдо кард, ки Тоҷикистон роҳи сулҳ, ободӣ ва бозсозии кишварро пеш гирифт ва аз ин хотир кишварҳои мухталиф омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ватанамон нишон доданд.

Таҳкими сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят карда, заминаҳои муосири иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меорад. Дар Паёмҳои ҳарсола ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, иштроки бевоситаи мардум дар корҳои идораи давлат барои дар амал татбиқ намдани ғояҳои Ваҳдати миллӣ чун дурнамои ягонаи халқу давлат ба хотири ободии рўзгори мардум таҷассум мегардад.

Тамоми ҳадафҳои иктисодии кишварамон дар заминаи Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада истодааст ва дар Паёми навбатӣ ҳадафи чорум ба вуҷуд омад, ки он марҳилаи навест, ки дархури се ҳадафи пешина мебошад. Имрўз мо дар марҳилаи саноатикунонии кишвар қарор дорем ва чи тавре, ки шоҳидем бе саноатикунонӣ дар замони муосир наметавон ба  ҳадафҳои дар пешгузошта  расид. Мо дорои заминаи устувори саноат буда аллакай онро дар замони шўравӣ бунёд намуда будем ва бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ онро аз даст дода, бо кӯшишҳои пайваста метавонем дар наздиктарин фурсат ба он марҳила рафта расем ва ин кушишҳои мо мисли дигар ҳадафҳоямон ҷомаи амал  пушид моро ба зиндагии шоиста хоҳад расонд.

Бимонад ҷовидона  номи Ваҳдат,

Шабеҳи рўз  бошад - шоми Ваҳдат.

Илоҳо кафтари  амну амонӣ,

Нишинад то абад дар боми Ваҳдат.

Нурализода Амрулло Назрулло,  узви ҲХДТ,  муовини якуми ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  н.и.и.. дотсент.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg