БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНҶИРИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГИИ МО МУСТАҲКАМ АСТ, ҲЕҶГУНА ГУРӮҲҲОИ ЗАРХАРИДУ ДАСТНИШОНДА НАМЕТАВОНАНД ОНРО БИКАНАД!

ВОКУНИШ. Ҳар бор, сапедадам чашм аз хоб баркушода, аҳли хонаводаамонро дар хоби ноз, орому осуда мебинем, ҳазор бор шукри Ваҳдату субот мекунем. Ва боз ҳазор, бори дигар шукри онро мекунам, ки аз бози чашм ба олами ҳастӣ кушодан Тоҷикистонро ободу осоишта дарёфта, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил, якдилию ватандӯстӣ зисту зиндагӣ дорем. Месазад ки бигӯем: Мо – тоҷикон миллати хушбахтем, ки беҳтарин неъматҳои дунёро сазовор гардидаем.

Ҷангу хунрезӣ, фироришавии сарсарии мардум аз Ватани худ, бародар гиребони бародар гирифтанҳо, беқадрии инсонро дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ халқи тоҷик аз сар гузаронд. Чӣ рӯзҳои сахту сангин, чӣ даҳшатҳои гӯшношунидро аз сар гузаронда, қариб буд, ки миллат ба нестӣ мерафт.

Гоҳо дар ёдамон он рӯзҳо мерасад ва гоҳо тариқи оинаи нилгун он лаҳзаҳои даҳшатангези ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро дида, шукронаи қисмат мекунем, ки хушбахттарин миллатем ва дар зери парчами сулҳу дӯстӣ умр ба сар мебарем. Бо боварӣ изҳор медорам, ки занҷири ваҳтаду ягонагии мо мустаҳкам аст, ҳеҷгуна гурӯҳҳои зархариду дастнишонда наметавонанд онро биканад.

Имрӯз ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳр баромада, дар ҳар қадам ваҳдатро мебинему дар чеҳраи ҳар раҳгузар ваҳдатро эҳсос мекунем. Имрӯз ҳар шиносу ношинос бо ҳам қарину ошноанд, дӯсту бародаранд. Ба андешаи ман ин Ваҳдат аст. Дар лаҳзаҳои дармондагӣ ба мадади ҳамдигар мешитобанд, ки ин Ваҳдат аст. Касе бо касе бо меҳру муҳаббат салом бидиҳад ин Ваҳдат. Дар чеҳраи ҳама Ваҳдат тобону дурахшон аст.

Ҳамаи ин хушиву хуррамӣ ва шукуфоии боғи Ваҳдати миллати тоҷик чун хор ба чашми душманонаш халида, мехоҳанд дубора миёни мардум тухми фитнаву адоват бикоранд ва ҳатто номи гурӯҳҳои фитнаангези  худро “озодандешон”-у “паймони миллӣ” ва ё дигар номҳои ба қавли худашон ватанхоҳию ватанпарастӣ мегузоранд то мардумро фиреб диҳанд. Аммо мардуми ҷафодидаи тоҷик ва ҷавонони баномуси Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар ҳеҷ гоҳ ба фирефтаву фитнаҳои ин бадкешон ва хоҷагони хориҷии онҳо дода нахоҳанд шуд. Мо озодандеш онҳоеро меҳисобем, ки ба қадри Истиқлолият, Ваҳдат ва суботу оромии кишвар, ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ватансозӣ мерасад!

На он шахсони хоине, ки берун аз Ватан дар дигар мамоликҳои дунё санги маломатро сӯи миллату Ватан меафкананд. На Кабирию Салимпур ва на дигар сагоне, ки ба сафи онҳо пайвастаанд, моро гумроҳ карда наметавонанд. Як бор халқи тоҷик аз фитнаҳои наҳзатиҳо азият кашидаву Тоҷикистон оғуштаи хун гардид. Ҳар хонаро гиряву мотам фаро гирифт. Баъди хомӯш шудани ҷанг дигарбора талош карданд, ки нобасомониҳоро ташил кунанд. Аммо ин бадкешон огоҳ бошанд, ки мо мардуми тоҷик имрӯз сарҷамъ ҳастем ва мисли занҷир бо ҳамдигар зичу иттифоқ ҳастем ва ҳеҷ хоинонро нахоҳем бахшид. Ҳамеша омодаем, ки бар зидди хоинону ватанфурӯшон мубориза барему ваҳдату ягонагиро эмин нигоҳ дорем.

 

Гулмадова Кибирё, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg