БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЙ АЗ ИН МУСАЛМОНӢ...

ВОКУНИШ. Роҳбарияти Ҳизби наҳзати ислом аз ин шӯру талотуми дарҳам- барҳамӣ ва фоҷиаи Ватану миллат сабақ нагирифта, фаъолияти ҳизби ба ислом нодаркорро то кунун идома медиҳад. Ҳарҷанд аз минбарҳо бо далелҳои қотеъ олимони дини ислом исбот карданд, ки мавҷудияти ҲНИ ҳеҷ зарурате надорад, аммо масъулинаш хешро нодидаву ношунида вонамуд мекунанд. Ҳама шоҳиданд, ки Ҳизби наҳзат аз оғози фаъолият то имрӯз ҷузъ тухми низоъ коридан кореро анҷом надодааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мумфаршкунӣ як тараф, сангеро аз роҳ беҷо накардаанду ноқиле ба нерӯгоҳи хурди барқӣ напайвастаанд. Дар масҷидҳо   ба ҷои намозгузориву шукри тинҷию амониро гуфтан тафриқаандозӣ  намуданд.

Рубоии домулло Умеди Роғунӣ ҳушдорест барояшон:

     Дар ҳар қадаме барои мо сад дом аст,

     Дар дом фитад ҳамон қасе, қ-у ҳом аст.

     Ҳизбе, қи миёни мо низоъ андозад,

     Дар зери ниқоби наҳзати ислом аст.

Дар яқ мулоқоти ҳизбӣ ( дар ш. Роғун с. 1997) дар шоҳидии ҳамаи тарафдорони Муҳиддин Қабирӣ Домулло Умед рӯ ба рӯяш чунин изҳор карда буд:

“Бародари азиз! Шояд Шумо вазифаи беҳтарин дипломатро иҷро қарда тавонед ё вазири намунавии ягон вазорати Тоҷикистон бошед. Аммо, тавре ки аён аст, ҳеҷ ниёзе ба раисии ҲНИ дар Шумо эҳсос намешавад. Ва дини мубини исломро ба ягон ҳизбу ҳарақат тавъам накунед”.

Аз ин суханони ошкоро якчанд сол сипарӣ шуд, аммо ба Қабирӣ асаре накард.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари гиромиқадраш сиёҳро аз сафед ва бадро аз нек хуб фарқ кардаанд. Дигар аз куфу суфи муллотарошону тангназарони наҳзатӣ наметарсанд.

Абдулҳақзода Бахтиёр, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg