БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ МАШВАРАТ-АМНИЯТИ МИНТАҚВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ

АНДЕША«Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташакки фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, ҳамоно амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои машварат андешидани тадбирҳои муштаракаи таъхирнопазирро тақозо менамояд».

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. (15.6.2019)

Чӣ тавре,ки ҳамагон медонем, рӯзи 15 июни соли 2019 дар пойтахти ватани  азизу ҷоноҷонамон Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Тоҷикистон дар сатҳи олӣ гузаронида шуд.

Бояд қайд кард,ки барои дар сатҳи баландӣ ташкилӣ доир кардани ҳамоиши мазкур, пойтахти Тоҷикистонамон шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни итиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр насб гардонида шуда буд,ки ин воқеан ҳам аз меҳмондӯстиву меҳмонавозии азалии  миллати  тоҷик  дарак  медод.

Ва ҳақиқатан  ҳам миллати тоҷик бо хиради азалиаш, новобаста аз беадолатии бемисле,ки тақдир дар ҳар давру замон  ба вай насиб гардонидааст, тавонистааст,ки фарзандони фарзонаву бофазилату тамаддунофар, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро тарбия ва ба камол расонад,ки тӯли ҳазорсолаҳо барои амалӣ шудани орзуву ормони соҳиби давлати  миллӣ  шудани  миллати худ мубориза бурда, ҷоннисорӣ кардаанд. 

Шукронаи Парвардигор, Пешвои миллат, Прездиденти кишвар, Ҷаноби  Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили он фарзона фарзандони миллат мебошад,ки ҳамчун Сарвари давлати навини тоҷикон, таъмини  соҳибистиқлолии давлат ва пойдории онро ба уҳда гирифта, далеронаву шуҷоатмандона то ба имрӯз онро ҳифз намояду бо гузашти  зиёда аз 27 соли соҳибистиқлолӣ миллату давлати тоҷиконро ба олам муаррифӣ созад ва баргузории ин ҳамоиши  бузург, ки таҳти мизбонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи хеле ҳам баланд  баргузор гардид,  идомаи муаррифии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ буд.  

Зеро,ки дар  ҷараёни  кори  Ҳамоиши  панҷуми  Машварати  ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Тоҷикистонро, 650 нафар намояндагони ВАО-и дохилу хориҷи кишвар, хабарнигорони рӯзномаву маҷллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, баҳрайн, АМА, Агонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Белорус, Қазоқистон, озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва дигар агентҳои  иттилоотӣ  инъикос  кардаву  дар  ҷаҳон  муаррифӣ  намуданд,ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Ҳамчунон мавриди зикр аст,ки бо талошҳои пайваставу арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилаливу минтақавӣ гардидаву миллати тамаддунофари тоҷик бо расму оини қадимаи  меҳмонннавозии  анъанавӣ  меҳмонони  олиқадрро  гарму самимӣ истиқбол  гирифта,  сайёҳони хориҷии сайёраро ба ин диёри кӯҳанбунёд  ҷалб  сохтаанд.

Бо сарафрозиву ифтихормандӣ, баъди анҷоми ин ҳамоиши бузург, бори дигар бояд мо  ҳар яки мо тоҷику тоҷикистонӣ аз як гиребон сар бароварда,  дар пайрави аз сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон Ҷаноби Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон,  дар амал  ҷонибдориву  дастгирӣ  намуда,  барои таъмини амнияти кишварамон ва сайёра  ҷидду  ҷаҳд  намуда   ояндаи миллату давлати хешро аз ҳар  гуна  хатарҳои  геополитикӣ  ҳифз  намоем.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg