БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ МО СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН АРЗИШИ ОЛӢ ДОРАД!

АНДЕША. Дар таърихи навини давлатдории  тоҷикон ду марҳиллаи муҳиму арзишманд ва ҳассосу сарнавиштсоз сабт гардидидааст, ки онҳо Истиқлолияти давлатӣ  ва Ваҳдати миллӣ мебошанд.

         Агар соҳибихтиёрии кишварамон бо туфайли пошхӯрии Давлати Шӯравӣ то андозае сабук ва бегазанд моро насиб шуда бошад, баръакс расидан ба марҳилаи ҳамъбастагии миллат, яъне ба имзо расидани Аҳдномаи сулҳу ризоияти байни тоҷикон даврони тӯлонӣ, ҳассос ва фоҷиаборе гардид, ки мушкилоти гарони иқтисодиву маънавиро рӯйи  кор овард.

          Рӯйдодҳои охири асри гузашта, ки бар иллати бозсозию заволёбии Давлати Шӯравии абарқудрат ва бесарусомониҳои сиёсии замон дар ҷумҳуриҳои бародар сар зада буданд,  аз зумраи он ҳодисаҳо мебошанд.

         Тоҷикону тоҷикистониёнро ин нобасомониҳо бештару пештар дунболагир шуданд, зеро ҷумҳурии мо сарзамини кӯҳсор, аграрӣ ва аз ҳар бобат дар нисбати дигар ҷумҳуриҳои бародар пасмонда ҳисоб рафта,  дараҷаи зисти иҷтимоии мардумонаш дар сатҳи паст қарор дошта буд.

         Аз сӯйи дигар заминаи хуруҷи низоъҳои дохилӣ, байни гурӯҳию маҳаллчигӣ, аз рақобатҳои мансабхоҳон, фитнаи манфиатҷӯён, ҷилванамоии ҳизбу ҳаракатҳои нави сиёсӣ ва ғайра алангаи оташи ин нобасомониҳоро равған мерехт.

          Маълум аст, ки ҳолати бенизомии ҳокимияти мамлакат, фалаҷгардии низоми истеҳсолот, косташавии робитаи мавҷудаи иқтисодӣ бо дигар ҷумҳуриҳо, ҳатто то як дараҷа ба манфиати гурӯҳҳои ба ном исломгаро буд, ки баъдан ба худ иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ном гирифт ва Тоҷикистонро ба арсаи ҷанги бародаркӯш овард.

         Ба назар чунин мерасад, ки заминаи аз байн рафтани Тоҷикистон пеш омада ва кишвар ба чанд қисм пора хоҳад гашт. Агар ба таври умум назар созем ҳадафу мақсади  корсозони пуштипардагӣ ва хориҷии онҳо  задани теша бар решаи миллат буд.

         Зиёни моливу талафи ҷоние, ки ин бесарусомониҳо ба сари мардум овард, ба ҳама баръало маълум аст. Метавон гуфт, ки ин бенизомӣ бадали қариб 5 сол давом ёфтанду, ин низоъҳои бемаънӣ  рушди мамлакатро ба  даҳсола монеа гардид.

         Иҷлосияи ХYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози барқароргардии қонуният ва адолат дар мамлакат гардид. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ яке аз чеҳраҳои тозаи сиёсӣ, ҷавони боғайрат дар байни вакилон Эмомалӣ Раҳмонро ба раиси Шӯрои Олӣ пешбарӣ ва якдилона интихоб намуданд.

         Роҳбари ҷавони Тоҷикистон аз лаҳзаҳои нахустини оғози фаъолият худ бо хотири нигоҳдошти истиқлолияи кишвар, ваҳдату якпорчагии ҳамаи минтақаҳои мамлакат, амнияту оромӣ, суботу осоиши ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шарҳванд ва роҳи сиёсии ҳалли муноқишаҳо нерӯҳои ақлониву  ҳамақидаро бо худ гирд овард.

         Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият пардохтани Сарвари ҷавони кишвар маълум гардид, ки дар ин роҳ қавли додааш, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. То он даме, ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷики гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам» муваффақ  хоҳад омад.

         Оре, дар пеш вазифаҳои азиму масъулиятнок, муҳиму аввалиндараҷа меистоданд. Вале дар навбати аввал масъалаи аз ҳама муҳим гузоштани таҳкурсии беэътимод, ба амал баровардани арзиш ва низоми қонуният ҳамчун матлаби асосии ҷомеаи демократию дунявӣ ва давлати ҳуқуқбунёд ҷой дошт. Ҳамзамон, вобаста ба ин масоили силоҳи мавҷударо аз дасти мардум гирифтан, гурезаҳоро ба Ватан баргардонидан, риштаи гусастаи иқтисодиро ба ҳам пайвастан, мардумро бо маводи зарурии ғизоӣ таъмин кардан, марзу буми давлатро дар амният қарор дода, бо созмонҳои байналмилалӣ робита бастан, эътибори мамлакати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, асоси тозаи пойдевори иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии нави мамлакатро ба маҷрои нав пеш гузоштан қарор гирифта буд. Аз диди ин Пешвои ҷавон вазифаи аз ҳама муҳим таҳияи қонунҳои асосии кишвар ва эҳёи сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамчун асоси сохти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ халқу ҷомеа дониста мешавад.

         Ҳамбастагии қавлу амалашро дида, мардум ба ӯ бештар эътибор хосил мекарданд. Яке аз масъалаҳои муҳим ва аслӣ гуфтушунид бо сарварони мухолифин ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, дар ин замина ба даст овардани ваҳдату ҳамбастагии тамоми марзу мардуми Тоҷикистонро медид.

         Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллии тоҷикон буд, ки замина воқеии  истиқлолияти моро таъмин намуд.

         Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва дастгирии тамоми мардуми шариф, ботаҳаммул ва дурандешии Тоҷикистон ва хиради азалии сарвари он ба амал омад.

         Ин рӯзи фархунда дар Ватани азизи мо ҷанги шаҳрвандиро амалан хотима дода, яъсу ноумедиро аз дилу дидаи  мардум дур сохт. Ваҳдати миллӣ дари сулҳу оштӣ, заминаи фароху мусоиди минбаъдаи ободонию тараққиёти рушду ҳамаи соҳаҳоро дар кишварамон вонамуд. Аз ин рӯ, мардум роҳбари маҳбуб ва озмудашудаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун «Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат» эътироф намуданд,  зеро роҳнамоии доҳиёнаи ӯ ба сӯи қуллаҳои тозаи мурод равонанд.

 

Файзизода Каримҷон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg