БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АҚЛҲОРО АҚЛҲО ЁРӢ ДИҲАД, МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

АНДЕША. Дар таърихи давлатдории  навини тоҷикон боз як саҳифаи хотирмон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, ки обрӯву эҳтироми давлати тоҷикон рӯз то рӯз дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, Тоҷикистони азиз шуҳратёр мегардад. Баргузории ҳамоиши 5-уми машварати ҳамкорӣ ва татбирҳои боварӣ дар Осиё дар пойтахти ватани азизамон шаҳри Душанбе рӯзҳои 14-15-уми июни соли равон   бо ҳузури роҳбарону намояндагони 27 кишвари дунё бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хоссаро ба худ касб намудааст. Нишасти роҳбарону намояндагони давлатҳои қораи Осиё дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳалли масъалаву мушкилотҳои муштарак заминаи боэътимод гузошт.             

Муҳимтарин дастовард дар ҳамоиши  мазкур қабули Эъломияи зидди ҷудоихоҳӣ ва тағйири ҳукуматҳо  маҳсуб меёбад. Қабули Эъломияи мазкур дар таъмини ҳифзи Истиқлол, ягонагӣ тамомияти арзӣ, амният ва суботи кишварҳо аҳамияти зарурӣ дошта , ҷиҳати пешгирӣ аз пайдоиши ҳар гуна  ҳаракату гуруҳҳои ҷудоиталаб мусоидат менамояд. Иштрокдорони нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  ҳамчунин изҳор доштанд, ки зидди қабули ҳамагуна  таҳрибҳои якҷониба мебошанд ва аз принсипи дахолат накардан ба кори дохилӣ ва берунии кишварҳо ҷонибдорӣ менамоянд. Дар ҳамоиши мазкур инчунин ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона бурдан ба зуҳуротҳои номатлуб аз қабили терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухадир ва дигар хатарҳои  глобалӣ ба мувофиқа расиданд.

пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ватани маҳбубамон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеву мақоми хосса ба худ касб намуда, мизбони нишасту ҳамоишҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мегардад.   

Маҳмадов Одилҷон, раиси  Кумитаи ичроияи ХХДТ дар ноҳияи Вахш      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg