БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НЕРӮИ БУЗУРГУ СОЗАНДА ВА ТАШАББУСКОРИ ҶОМЕА

АНДЕША. Вазъи сиёсии ҷомеа ҳассос буда, нооромиҳо ва ҷангу даргириҳо, ки дар минтақаҳои гуногун сар мезананд, ба дигар кишварҳо бетаъсир намемонад.

Ҷавонон ҳамчун фаъолтарин аъзои ҷомеа бештар аз воқеаҳои гуногун огоҳӣ дошта, кӯшиш менамоянд то ҷое таъсиррасони он бошанд. Чунин кӯшишҳо гоҳо ҷавононро ба роҳи хато, ба сарҳади гумроҳӣ низ мебаранд, ки ин ҳолатро мо дар мисоли воқеаҳои нангини солҳои 90-ум мушоҳида намуда будем.

Ҷавонони дорои хулқу атвори нек ва писандида низ дар кишварамон зиёданд, вале миёни онҳо раҳгумзадагони ба доми макру фиребафтода ҳам ҳастанд.

Пеш аз ҳама, бояд калонсолон дар чунин ҳолат бетараф набошанд. Онҳо назорати ҳамешагии худро ба рафтору кирдори ҷавонон вазифаи ҷонии худ ҳисобанд. На танҳо падару модар, балки тамоми аъзои ҷомеа, ки нисбат ба Ватану миллати худ арҷ мегузоранд, бояд ба ин масъала бетаваҷҷуҳ набошанд.

Бо экстремизми динӣ бояд ҳам  ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Мо тоҷикистониён, бояд ҳамдигарро сиёҳу сафед, муҳоҷиру таҳҷоӣ, ҷанубию шимолӣ, помирию кӯлобӣ, ғармию қӯрғонӣ нагӯем.  Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистония бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии бароямон аз ҳама арзишу манфиатҳои дигар болою воло бошад. Бинобар ин мо  шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Шарипова Гулҷаҳон, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg