БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМОИШИ МҲТБО СИМОИ ГУЛПӮШИ ТОҶИКИСТОНРО БА ҶАҲОНИЁН МУАРРИФӢ КАРД

АНДЕША. Баргузории Ҳамоиши Панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ баргузор  шуд, нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳон баланд бардошт. Ин боиси ифтихор ва сарфарозии мо тамоми сокинони Тоҷикистон гардид. Бояд гуфт, ки Раёсатро дар ин ташкилот дар солҳои 2018-2020  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Барои иштирок дар ҷаласаи панҷуми МҲТБО ба Душанбе  сарони як қатор давлатҳо, раисони ҳукумату намояндагони созмонҳои минтақавиву ҷаҳонӣ, аз ҷумла Озорбойҷон, Афғонистон, шоҳигарии Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Шоҳигарии Урдун, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Россия, шоҳигарии Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри – Ланка, Индонезия, Филиппин, Белорус, Украина, ИМА, Япония роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои СММ, СБМ, САҲА, Кумитаи иҷрояи ИДМ Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон, СҲШ ва ғайра ташриф оварданд.  

Ҷаласаи мазкур, дар толори мунаққаши “Зарандуд”-и Кохи Наврӯз баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд намуданд, ки “Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талошро  ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмиқи ҳамкории  бисёрҷониба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстиро дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд”.

Тоҷикистон дар давраи роҳбарии худ дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба рушди муносибатҳо байни давлатҳои Осиё ва муширикати густурда миёни давлатҳои аъзо тавассути роҳандозии тадбирҳои боварӣ  аз вазифаҳои аваллиндараҷаи худ медонад.

Дар идомаи кори ҷаласа сарони як қатор давлатҳо аз љумла Валадимир Путин  Президенти Россия, Си Ҷин Пин Раиси Ҷумҳурии  Мардумии Чин, Раҷаб Эрдоган, Қосим  Жормат Токаев  Президенти Қазоқистон, Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Ҳасан Руҳонӣ Президенти Эрон, Шавкат Мирзиёев  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигарон суханронӣ намуда, барои ҷониби Тоҷикистон ва махсусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд баргузор  намудани чунин як ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Меҳмонон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон ба баргузории Саммити мазкур баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки баргузории чунин як ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ барои чунин як давлати хурд мисли Тоҷикистон ба нафъи кишвар буда, метавонад, дар рушду нумуъи  минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва махсусан сайёҳии он мусоидат намояд.

Мавриди зикри махсус аст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи марзкур Тоҷикистон, махсусан пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси ҷавони он Рустами Эмомалӣ омодагии ҳамаҷониба дида,   қабои идона дошт, то ин ки симои “дили Тоҷикиистон”  ба меҳмонон писанд ояд. Таъкиди ҳамин як далел кофист, барои дар сатҳи баланд пешвоз ва гусел намудани меҳмонони олиқадр дар шаҳри Душанбе зиёда аз 4 миллион гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд. Яъне метавон гуфт, ки Душанбе меҳмононро дар оғӯши гул пешоз гирифт. Ҳамзамон шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимӣ сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардид.

Раванди баргузории Ҳамоиши душанбегии сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро зиёда аз 650 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ва дохилӣ, рӯзномаву маҷалла, телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ инъикос карданд.

Бешак, баргузории ин Самит ва дар он иштирок намудани 9 Президент ва 18  намояндагии Сарвазирон, ноибони Президенту Сарвазирон, Вазирони корҳои хориҷӣ шаҳодат аз он мекунад, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ, ки “сиёсати дарҳои кушод” аст, муваффақ асту дар сатҳи ҷаҳон мақоми махсусро соҳиб гардидааст.

Ёдвар мешаваем, ки Машварати ҳакорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё соли 1992 бо пешниҳоди аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ташкил шуда, ба он 27 кишвар  Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Хитой, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия ва Ӯзбекистон аъзо буда, давлатҳои Бангладеш, Беллорус, Индонезия, Ливан, Малайзия, ИМА, Украина, Филиппин, Ҷопон давлатҳои нозир ба ҳисоб мераванд.

Раҷабализода Парвиз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg