БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМОИШИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ БА ҚАЛБИ ШАҲРВАНДОН УМЕДУ БОВАРӢ БАХШИД

АНДЕША. Тавре ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 14-15-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати баргузор намудани чунин як чорабинии бузурги сатҳи байналмилалиро бар дӯш дошт. Масъулияти роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Ин ҳамоиш, ки бори аввал дар кишварамон баргузор шуд, дар муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшид. Меҳмонону иштирокдорони нишасти Душанбе, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф оварданд, пешрафту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз наздик бо чашми сар диданд. Онҳо дидан, ки Тоҷикистон чун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар зарфи 28-соли соҳибистиқлолӣ ба чӣ гуна пешрафтҳо ноил гардидааст. Хусусан бо рушди босуръати пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе, ки имрӯзҳо симои худро таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳти миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қобилияти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ куллан тағйир дода, ба шаҳри муосири сабзу хуррам ва гулпӯш табдил ёфта, назаррабову дилрабо гардидааст, шинос шуданд. Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир дар соҳаҳои гуногун–иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар самтҳо ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардида, ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи баланди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Ҳамоиши мазкур дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе доир гардида, барои иштирок дар кори он сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчиву нозир ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ шарик ширкат варзиданд. Кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиёро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Ҳадафи асосии ин ҳамоиш баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ маҳсуб меёфт. Ҳамчунин, баргузории ин машварати сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе барои мардуми тоҷик ифтихор ва шарафи бузург мебошад. Дар Саммит дар радифи тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди долонҳои нақлиётӣ, рушди логистика, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳамзамон масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, матраҳ гардида, барои ҳаллу фасли онҳо намояндагони кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё талош хоҳанд кард. Зеро терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромилӣ воқеан имрӯз хатарҳои замони муосир маҳсуб шуда, ҷомеаи байналмилалиро ба ташвиш овардаанд ва дар мубориза алайҳи ин гуна хатарҳо кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бояд дастаҷамъона мубориза баранд.

Аз ин ҷост, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ таҳти шиори «Нигоҳи ягона ба минтақаи амн ва бештар дар ҳоли шукуфоӣ» доир гардида, он мавзӯъи меҳварии сарони давлатҳои саммити Душанбе маҳсуб мешавад. Зеро таъмини амният, рушд ва шукуфоии кураи Осиё ҳадаф ва рисолати аслии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ   мебошад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд намуданд, ки «Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар Машварати мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими муколамаи созанда ва муоширати густурда миёни давлатҳои аъзо тавассути идомаи роҳандозии тадбирҳои боварӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар шукуфоӣ ва рушди мутаносиби тамоми минтақаи Осиёро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад. Ҳамзамон Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар кишвари мо тайи 40-соли охир зиёда аз 1000  пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ-гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноат таъсири манфӣ мерасонад».

Муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ аз самтҳои муҳими ҳамкории аъзо маҳсуб меёфт. «Дар ин робита, мо пешниҳод менамоем, ки василаҳои самарабахши расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия гарданд», чунин иброз доштанд ҳангоми суханрониашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавӣ буда, соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст ва он дар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Бояд гуфт, дар ҳошияи баргузории Саммити сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Тоҷикистон бештар шинохта гардида, дар миқёси ҷаҳон ҷойгоҳи хосаро касб хоҳад кард.

Раҳмон Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон                                            

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg