БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ БА МАНФИАТИ МАРДУМ АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Финка”-и ноҳияи Шаҳритуз вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   хониши сиёсӣ  доир гардид.

Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи  эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё,  баргардонидани 84 нафар ноболиғони тоҷик аз маҳбасҳои  давлати Ироқ бо талошу  дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан, фаҳмонидани натиҷаи манфии пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи онҳо, бетартибӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ки аз тарафи маҳбусон- аъзои созмони террористиву экстремистӣ бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он суханронӣ карданд.

Инчунин, дар ин раванд бо мақсади дастгирии кӯдакони эҳтиёҷманд Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба панҷ нимятими бошандагони Мактаб - интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритуз маводҳои хониш ва ғизоӣ кӯмак карда шуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg