БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҳаллаи “Ҷаъфар Абдуллоев”-и шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони маҳалла оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок ва суханронӣ намуда, афзуд, ки вазъи сиёсии кишвар ва баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардид, фикру ақидаи худро баррасӣ намуда, қайд кард, ки боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мо тоҷикистониён аст. Зеро баргузории чунин як ҳамоиши сатҳи баланд ба манфиати Тоҷикистон мебошад. Масъалаҳое, ки дар рӯзномаи ин ҳамоиш муҳокима гардиданд, тамоми масъалаҳои мубрами љомеа, муқовиммат бо терроризму экстремизм, ҳамкорӣ байни давлатҳо, масъалаи об, гармшавии иқлим, ҳалли масъалаҳои байни далватҳои мавҷудбуда ба ҳисоб мераванд.