Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои рушди инфрасохтори деҳот, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Муҳаммедов”-и Ҷамоати деҳоти Фирӯза чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ оид ба талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаи маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани сокинони деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳу пулҳои маҳаллӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин буданро фаҳмонида доданд.
Дар идома бо як масъулияти баланди ватандорӣ тибқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бинои ҷамъиятии маҳалла бунёд ёфта, ба истифода дода шуд, ки як утоқи он дафтари кории раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб мебошад.