БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД АЗ ОИЛА САРЧАШМА МЕГИРАД!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Баҳористон»-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Мавсуф  дар баромад атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию хусусияти террористиву экстремистидошта, андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  даъват кард.           

Дар хотима новобаста аз оне, ки корҳои ободони дар ҳудуди деҳа дида мешуд, бо дастгирии сокинон бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як бунгоҳи тиббӣ дар деҳа сохта ба истифода дода шуд.          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg