ХОВАЛИНГ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Тутак” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, ҷамъомадагон ба худ маълумоти муфассал гирифтанд.
Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддин Қаюмов баромад намуда, ҳозиринро ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ шинос намуд.
Аз баромад ҳамагон дар бораи хавфу хатарҳои замони муосир, аз ҷумла хавфу хатари рӯз то рӯз афзояндаи терроризму экстремизм, ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҳамроҳ шудани ҷавонон, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, паҳн гардидани бемориҳои хавфнок ва табобатнашавандаи сироятӣ, роҳҳои мубориза ва пешгирӣ аз онҳо маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуда, бо қувваи аъзои ташкилоти мазкур роҳи байни деҳа сангфарш карда шуд.