БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ БОСУБОТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ҲАМАДОНӢ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Нозироти андоз»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Давлатҷон Ғаффорзода  оид ба мулоқоти  Пешвои миллат бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ  суҳбат намуд.

Қайд гардид, ки дар 10 соли охир ҳаҷми воридоти андозҳо ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 4, 7 баробар зиёд гардида, ҳиссаи воридоти андозҳои дохилӣ нисбат ба андозҳои берунӣ дар ҳаҷми  умумии  қисми даромади буҷет тамоюли афзоиш дорад.

Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Кумитаи андозро вазифадор карданд, ки  дар самти такмил додани раванди таҳлилии имкониятҳои мавҷудаи минтақаҳо ва корхонаҳои фаъолияткунанда ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз пешгирӣ кардани афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ҷорӣ кардани  технологияи рақамӣ ва  ба ин васила кам кардани таъсири омили инсони  беҳтар кардани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон  ба таври доимӣ тақвият бахшида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg