ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳадафҳои оиномавии ҲХДТ бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонии «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳашари ободонӣ баргузор намуданд.
Сокинони деҳаи мазкур тасмим гирифтанд, ки дар корҳои ободонӣ ҳиссагузорӣ намоянд. Иқдоми онҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷонибдорӣ ёфт ва бо тариқи ташкили ҳашари умумӣ дар сангфарш намудани роҳҳои дохилӣ деҳа саҳми хешро гузоштанд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин амали неки сокинон ҷанбаи тарбиявӣ дошта, ҷавонони деҳаро ба меҳнатдӯстӣ ташвиқ менамояд.