БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНҶОМИ КОРҲОИ ХАЙРУ САХО БА МАНФИАТИ МАРДУМ АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади татбиқи  ҳадафҳои  созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Сомонӣ-2»  Аксияи тарғиботи амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории мулоқот ба сокинон фаҳмонидани моҳияти роҳандозии корҳои хайру сахо баҳри беҳтар намудани зиндагии сокинон арзёбӣ гардид.

Файзизода Каримҷон- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия  қайд кард, ки вақтҳои охир як қисми ҳамватанони мо маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро ба корҳои хайр, аз ҷумла бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳу пулҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маҳалли зисти худ, тармиму обод кардани манзили зисти хеш ё шахсони камбизоат сарф карда истодаанд, ки ин амал, албатта, боиси дастгириву таҳсин мебошад.

Дар охир иштирокдорон дастаҷаъмона  кўчаҳои дохили деҳаро чароғон намуда, роҳҳои дохили маҳалларо аз партовҳову хокрўбаҳо тоза намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg