ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардониани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотии ибтидоии “деҳаи Нурбахш”-и ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, вобаста ба иштироки дастаҷамъона дар корҳои ободониву созандагӣ ва зебогардонӣ ҷиҳати татбиқи масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои тундгаро ва ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, устувории оилаҳои ҷавон, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, Ваҳдати миллӣ ҳамчун кафили сулҳу субот ва амнияти ҳамешагии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар охир байни масъулини ҳизбӣ ва ҷамъомадагон суолу дархостҳо пешниҳод сурат гирифта, посухҳои амиқ дода шуд.