ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қушачинор”-и деҳаи Қушачинори Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он Абдураҳимова Фирӯза мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок карда, қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтааст.
Инчунин, дар идома раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Тиллоев Ҷуманазар иброз намуд, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, тамоми кӯшишу ғайрат ва малакаи хешро баҳри ободии Тоҷикистони азиз равона хоҳем кард.